баргузиданӣ — [برگزيدني] шоистаи бар гузидан, шоистаи интихоб, интихобшуданӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гузида — [گزيده] 1. сифати феълии замони гузашта аз гузидан; интихобшуда 2. мунтахаб, мумтоз; беҳ, беҳтарин … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гузин — I [گزين] 1. асоси замони ҳозира аз гузидан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънии гузинанда: хилватгузин, вожагузин II [گزين] 1. гузида, интихобшуда; хосташуда: гузин кардан интихоб кардан, баргузидан 2. маҷ. сазовор, муносиб, лоиқ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гӯша — [گوشه] 1. кунҷ, зовия; канор, канора, нӯги ҷое ё чизе: гӯшаи биёбон, гӯшаи хона, гӯшаи холӣ; гӯшаи чашм а) кунҷ ё қирраи чашм; б) киноя аз нигоҳи номаълумона; гӯшаву канор ҳама тараф, ҳама ҷо; ҷоҳои дуру наздик 2. ҷои хилват, ҷои аз назари мардум … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дурӣ — [دوري] 1. дур будан аз ҷиҳати масофа; дурӣ доштан дур будан, фосила доштан 2. ҷудоӣ, маҳҷурӣ; дурӣ гузидан // дурӣ ҷустан канора гирифтан, дур шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
истиқомат — [استقامت] а 1. кит. истодагӣ, истодагарӣ, побарҷоӣ, сабот 2. кит. рост истодан, рост шудан; ростӣ, дурустӣ 3. иқомат кардан, манзил кардан, муқим шудан (дар ҷое); ҷои истиқомат ҷои зист, маҳалли сукунат, манзилгоҳ, маскан; истиқомат гузидан ҷой… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
канор — [کنار] 1. соҳил, лаби об 2. паҳлу; гӯшаи ҳар чиз; тараф, ҷониб; сарҳади ягон ҷой; гӯшаю канор нуқтаҳои дури ҷое, ҷойҳои дурафтода ва дурдаст; канор доштан интиҳо доштан: муҳаббати ӯ канор надошт; канор будан дур будан, дар гӯшаи ҷое будан; канор… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
манзил — [منزل] а 1. ҷои фуруд омадан, фуромадгоҳ, истгоҳ 2. мусофирхона (работ) е, ки дар масофаи муайяни роҳҳои корвонгузор бино карда мешуд 3. гуфт. қабр, гӯр; баъд аз тайи чанд манзил, ду манзилро гузошта, дар ин роҳ моҳ аввалин манзил буд; манзил ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ